Тоҷикӣ | Русский | English  

Бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қоҳира

26 июни 2019 дар Қоҳира Сафорат ҳамроҳ бо Ҷамъияти тоҷикони Миср ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор намуд. Дар он ҳамоиш аҳли илму адаб, устодони донишгоҳҳои кишвари маҳалли иқомат ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ширкат варзиданд.

Кордори муваққати Сафорат Раҳим Алишерзода, устоди забони форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи Канали Суэси Миср д-р Рифъат Ҳусейн ва раиси Ҷамъияти тоҷикони Миср Абдураҳмон Оқилзода ширкаткунандагонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар бораи ҷойгоҳи таърихии Ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноилшавӣ ба ин дастоварди муҳимми кишвар ва инчунин дар бораи  аҳаммияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиши ҷашнӣ ба ҳозирон филми мустанад дар бораи Ваҳдати миллӣ намоиш дода шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj