Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири федеролии энергетикаи Покистон

28 июни соли 2019 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Умар Аюб Хон баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илми-техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки 2-3 июли соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, барррасӣ гардиданд.

Сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба муносибатҳо байни ду  кишвари дӯст такони тоза бахшанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj