Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Теҳрон

27-уми июни соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Эрон ботантана таҷлил гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронии шодбошии худ Ваҳдати миллиро яке аз  бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони Истиқлолият номида, аҳаммияти онро дар таҳкими давлату давлатдории муосири тоҷикон ва пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид намуд.

Сафир нақши бузург ва ҳалкунандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомадӣ Раҳмонро  дар роҳи расидан ба сулҳу ризоят, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду тараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол зикр намуда, таъкид бар он дошт, ки ба эътирофи доираҳои сиёсии байналмилалӣ таҷрибаи муваффақи мактаби сулҳоварӣ ва давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар таъмини сулҳу субот ва рушд дар бисёр минтақаҳои доғи ҷаҳони имрӯз мавриди истифода қарор бигирад.

Дар ин росто, зарурати ҳифз ва таҳкими беш аз пеши ваҳдати миллӣ чун сарчашмаи рушду шукуфоии имрӯзу фардои Тоҷикистон таъкид гардида, талош дар ин роҳ дар шароити афзоиши хатару чолишҳои замони муосир ва шиддати муносибатҳои байналмилалӣ вазифаи ҷонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ  дониста шуд.

Дар идома бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ филми мустанад намоиш дода шуда, сипас, чанд нафар аз ҳамватанон ҳозиринро табрику таҳният гуфтанд ва дар васфи Тоҷикистон ва сулҳу ваҳдат шеърҳо қироат намуданд.  

Бинои Сафорат бо шиору лавҳаҳо ороиш ёфта, дар гӯшаҳои алоҳида китобҳои Пешвои миллат, инчунин, намунаи либосу асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj