Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари гурӯҳи байнипарлумонии Олмону Тоҷикистон

26 июни соли равон мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо роҳбари Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон, вакили Бундестаг Манфред Грунд баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мубодилаи афкори судманд анҷом дода, стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро нишонaи таваҷҷуҳи ин созмон нисбати минтақа арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобила бо фондҳои мухталифи Олмонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бобати таъсиси ҳукумати электронӣ ва ба вуҷуд овардани абзорҳои беҳтари муошират  бо аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj