Тоҷикӣ | Русский | English  

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар 82-юмин ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Минск

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини аввали Сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид дар 82-юмин ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки дар Минск 21 июни 2019 баргузор гардид, иштирок намуд.

Аъзои Шӯро, муовинони сарвазирони кишварҳои узв дар мавриди масоили иқтисодӣ, дурнамои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни кишварҳои узви ИДМ табодули афкор намуда, нишондодҳои макроиқтисодии рушди иқтисодиёт, фаъолиятҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо зукоми парранда ва дигар бемориҳои сироятиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва чанд санадро ба имзо расониданд.

Аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ дар маросими ифтитоҳи II Бозиҳои Аврупоӣ иштирок намуданд. Ҳайати Тоҷикистонро Сафири кишвари мо дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод ҳамроҳӣ кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj