Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод

27 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзодро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки  бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем”.

Залмай Халилзод бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон баҳри мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда ҳамчун роҳбари ташаббускор аз номи роҳбарияти маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка арзи сипос намуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон,  талошҳои пайваста дар ҷодаи муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj